Дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишии минтақавии АБНА оид ба усулҳои арзёбии вояи шуоъгирии кормандон дар равандҳои саноатии марбут ба маводи табиии радиоактивӣ оғоз гардид
4 майи соли 2026 дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари омӯзишии минтақавии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар мавзӯи «Методологияҳои арзёбии вояи нургирии кормандон дар равандҳои саноатии марбут ба маводи табиии радиоактивӣ» ба кори худ оғоз гардид.
Семинар аз 4 то 8 майи соли равон аз ҷониби АБНА дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ баргузор мегардад. Дар он 35 иштирокчӣ аз 33 давлати аъзои АБНА ширкат доранд.
Баргузории ин ҳамоиши минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаи сатҳи баланди эътимоди байналмилалӣ ба имконияту иқтидори миллӣ дар самти амнияти радиатсионӣ ва ядроӣ буда, ҳамзамон нақши рӯзафзуни Тоҷикистонро ҳамчун минбари минтақавӣ барои муколамаи касбӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва таҳкими ҳамкории амалӣ миёни давлатҳои аъзои АБНА тасдиқ менамояд.
Маросими ифтитоҳи семинар бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода, директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, профессор Илҳом Мирсаидзода ва намояндагони АБНА баргузор гардид. Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ масъалаҳои ташкилӣ, ҳадаф ва барномаи семинар баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.
Семинар доираи васеи масъалаҳои мубрамро дар бар гирифта, ба рушди низоми миллии ҳифзи радиатсионӣ ва такмили танзими давлатӣ иртиботи мустақим дорад. Дар маркази таваҷҷуҳ усулҳои муосири арзёбии вояи шуоъгирии кормандон, татбиқи стандартҳои бехатарии АБНА, таҳлили таҷрибаи миллӣ ва такмили механизмҳои назоратӣ қарор доранд.
Ҳамзамон масъалаҳои тафсири ҳисоботҳои радиатсионӣ-таҳлилӣ, навъи намунаҳо, усулҳои таҳлилӣ, радионуклидҳо, арзёбии номуайянии ченкунӣ, ҳадди ошкорсозӣ, назорати сифат ва мутобиқати танзимкунанда баррасӣ мешаванд.
Давлатҳои иштирокчӣ маърӯзаҳои миллӣ пешниҳод менамоянд, ки таҷрибаи амалӣ ва равишҳои ҳуқуқиву танзимиро инъикос мекунанд. Қисмати муҳим ба стандартҳои бехатарии АБНА ва пешбурди реестри миллии вояҳои шуоъгирӣ бахшида шудааст.
Шакли амалии семинар тавассути кори гурӯҳӣ тақвият ёфта, иштирокчиён ҳолатҳои мушаххасро таҳлил намуда, пешниҳодҳои такмили усулҳои арзёбиро таҳия мекунанд.
Боздид аз озмоишгоҳи калибровкаи таҷҳизоти дозиметрӣ низ пешбинӣ шудааст, ки барои дақиқӣ ва эътимоднокии ченкуниҳои радиатсионӣ аҳамияти муҳим дорад.
Инчунин масъалаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо тавассути платформаи электронии “E-License” баррасӣ мегардад.
Баргузории ин семинар дар шаҳри Душанбе бори дигар садоқати Тоҷикистонро ба ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амнияти радиатсионӣ нишон дода, аҳамияти рушди инфрасохтори миллӣ ва ҳамкории байналмилалиро таъкид менамояд.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои семинар ба такмили низомҳои ҳифзи радиатсионӣ, баланд бардоштани сифати арзёбии воя, рушди механизмҳои танзимкунанда ва ҳамоҳангсозии равишҳои касбӣ мусоидат намоянд.